Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлол

IMG_5053

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомади тантанавӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, аъзоёни фаъоли ҳизб, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонон, занону духтарон ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Нахуст раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам ба сухан баромада кулли иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, зикр намуд, ки Парчам рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори ҳар як халқи соҳибдавлат аст. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимӣ дар баромади худ оид ба арафаи ҷашнгирии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо баландии 165 метр дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе Парчами миллӣ қомат афрохт ёдовар шуда, аз номи роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирокчиёни ҷамъомадро табрику муборакбод намуд. Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зуҳал» Усмонов Раҳматҷон ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КАТС» Одинаев Раҷаб ба сухан баромада бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот ва яке аз рамзҳои асосии давлат ва миллати тоҷик қабул карда шудааст, суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>