Аксия бахшида ба рӯзи Парчам

20181122_103433

АЙНӢ. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба истиқболи Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  бо иштироки аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияро таҳти унвони “Парчам-пайванди имрӯзу фардо” роҳандозӣ намуд. Ҷавонон таҳти шиорҳои “Парчамат парафшон бод, Тоҷикистон!” ва “Мо бо шумоем, Пешвои миллат” роҳпаймоӣ намуданд. Пас аз роҳпаймоӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчам баргузор гардид. Дар ҷамъомад хонандагон дар васфи Ватан, Парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ шеърҳоро қироат намуданд. Дар ҷамъомад мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолони ҳизб иштирок доштанд. Дар охир Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Қобилзода Абдуғанӣ ҳамагонро бо Рӯзи Парчам табрику муборакбод намуда, ба хонандагон хониши хубу аъло ва тансиҳатӣ орзу намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>