Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

вилоят

 СУҒД. 24 ноябри соли 2018 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят ба муносибати Рӯзи Парчам чорабинии бошукуҳ доир гардид. Пас аз роҳпаймоии идона, ки бо ҳузури ҳазорон нафар ҷараён гирифт, бо иштироки фаъолон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ сокинони вилоятро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, таъкид дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб ёфта, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардидааст ва мардуми сарбаланди кишвар ҳар сол ин рўзро ҳамчун Рўзи Парчами давлатӣ ҷашн мегиранд. Таъкид карда шуд, ки Парчам таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъӣ ба шумор рафта, дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвар бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд. -Дар робита ба арзишу аҳамияти гиромидошт ва эътибори Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд, ки «бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрўзу оянда талқин менамояд». Таърихи навини давлатдории тоҷикон гувоҳи он аст, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, ки Парчами давлатӣ яке аз онҳо мебошад, барои дарки амиқи ғояҳои олии марбут ба ҳувияти миллии мардум нақши муассире дошта, мақсаду мароми созандаи миллати тоҷикро инъикос менамояд ва ифодагари роҳи таърихии он мебошад, — афзуд Раиси вилоят. Зикр гардид, ки даврони навини таърихи давлатдориамон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми сарбаланди вилоят зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи озодиву истиқлол, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори халқи тоҷик аст, муттаҳид гардида, бо шукргузорӣ аз замони осоишта ва неъматҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъона саъю кўшиш менамоянд. Дар охир аз ҷониби санъаткорон барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва сурудҳои ватандӯстона дар васфи Парчами давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва Истиқлолият пешниҳод карда шуд. Ёдовар бояд шуд, ки имрӯз ҳамзамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ чорабиниҳои идона баргузор шуд ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят паёми табрикиии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинон расониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>