Хатнасури 10 нафар тифлакон аз оилаҳои ниёзманд

КОНИБОДОМ. Бо фарорасии баҳори нозанин ва Наврӯзи фаррухпайк марому тадбирҳои хайрхоҳона афзун гардида, кулли сокинон ва кормандони ташкилоту соҳаҳо бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолият ва риояи суннатҳои поки Наврӯзӣ бар ин ҷашни шукуҳманди аҷдодиамон арҷ мегузоранд. Тантанаҳои идонаи наврӯзӣ имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои шаҳр бо шукуҳу ҷалоли хоса доир гардида, аз муҳаббати беандозаи мардум бар ин ҷашни ҳумоюн ва эҳтиромгузории онҳо ба арзишҳои фарҳангиамон шаҳодат медиҳад. Чунин як чорабинии идонаву шукуҳманд дар ташкилоти ибтидоии “ИДХОК”- идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр барпо карда шуд. Саҳни идора фазои идона дошта, коркунону ҷамъомадагон бо нишоту фараҳ ҳамдигарро ба муносибати ин ҷашни фархунда шодбош мегуфтанд. Ҳамзамон, бо ибтикори идораи мазкур хатнасури 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд доир карда шуд. Дар чорабинӣ раиси шаҳр аъзои раёсати КИ ХХДТ Ғайбулло Боҳирӣ, раиси кумичроия Бобочонзода А.Т иштирок ва суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуд ва барпо гардидани хатнасури хайриявии кӯдаконро аз аъмоли савобу шоиста ва нишони барҷогузории суннатҳои наврӯзӣ арзёбӣ кард. Сипас, ба кӯдакони хатнатӯйдошта туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар ҷараёни тантана инчунин, арзи сипосмандиву миннатдории волидони кӯдакони дӯстрӯ барои дастандаркорони чорабинӣ, хоса ба садорати идора баён гардида, орзуҳои рангини наврӯзӣ иброз карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>