Бонуи беҳтарини ҳизб

ИСТАРАВШАН. Бахшида ба Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Истаравшан чорабинии фарҳангӣ «Бонуи беҳтарини ҳизб» баргузор гардид. Дар чорабинӣ аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони Кумитаи иҷроияҳои ҳизбӣ, раисони шӯроҳои кор бо занон, собиқадорони ҳизби вилоят иштирок карданд. Меҳмонон сараввал аз Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, бо намоишгоҳи асарҳои рассоми шинохтаи ҷумҳурӣ Алишер Ҷумъаев шинос шуданд. Муовини раиси КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷалилов А.Р. аз намоишгоҳ таассуроти хеле баланд гирифтани меҳмононро иброз карда, ба рассом А. Ҷумъаев дар ҷодаи фаъолияташон пешравиҳо орзу намуд. Дар ошёнаи дуюми Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ намоишгоҳи ҳунарҳои шогирдонистаравшан 3 ба марази тамошо гузошта шуда буд. Дар намоишгоҳ ҳунарҳои кандаккории чӯб, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, кордгарӣ, заргарӣ, гаҷкорӣ, дӯхтани либосҳои миллӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, гилембофӣ ва ғайра гузошта шудааст. Меҳмонон баъди тамошои намоишгоҳ таассуроти баланди худро иброз карданд.  Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи раиси кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Истаравшан Мухторова М. Ғ. кушода ҳозиронро бо Иди Наврӯз табрик намуд. Пас муовини раиси шаҳр Нигора Ҳайдарзода аз номи МИҲД – и шаҳр меҳмононро хайра мақдам гуфта ба иштирокчии озмун комёбиҳо таманно намуд. Оиди низомномаи озмуни «Бонуи беҳтарини ҳизб» ҳадафҳои баргузории озмуни Раиси шурои кор бо занони КИВ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимӣ баромад кард. Дар озмун бонувони аз 18 сола то 30 сола иштирок карданд. Озмунро ҳакамон баҳогузорӣ карданд. Бонувон аз рӯи панҷ номинасия ғолиб дониста шуда бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар охир аз тарафи санъаткорони ҷавони шӯъбаи фарҳанг консерт баргузор гашт.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>