Машварати навбатии «Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ»

20181127_101835

КОНИБОДОМ. Ҳамасола аз 25.11.2018 то 10.12.2018 «16- рӯзи мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ» бо баргузории машварату мулоқотҳо гузаронида мешавад.  Дар доираи нақша-чораҷӯиҳо санаи 27.11.2018 дар тарабхонаи «Корвон»-и шаҳри Конибодом  машварати навбатии «Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ» бо навхонадороне, ки баъди муддате қадам ба ҳаёти мустақилона мегузоранд, баргузор шуд. Мутахассисони соҳаҳои тиб, равоншиносӣ ва ходимони дин ба навхонадорон бобати маърифати оиладорӣ, одоби муошират бо аҳли хонавода, риояи талаботҳои гигиенаи шахсӣ, эҳтироми тарафайн ва амсоли инҳо ҳарф зада, онҳоро ба роҳи дурусту умедбахши зиндагӣ роҳнамоӣ карданд. Хуршеда Холматова- муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба сухан баромада, аз ҳаёти гузашта ва имрӯз мисолҳо овард ва духтаронро ба таҳаммулпазириву ботамкинӣ даъват намуд. Фикру мулоҳизаҳои ҷавонон низ шунида шуда, аз тарафи мутахассисон маслиҳатҳои судманд дода шуд. Дар фарҷом ба иштиркчиёни машварати маърифати оиладорӣ аз ҷониби раиси шаҳр мӯҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н ба ҳар як ҷуфти навхонадорон сертификати ташкилоти ҷамъиятии Пайроҳаи хушбахтӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>