Мулоқот бо хатмкунандагон

image-0-02-06-86fe3937382773ff26ce5a1782a64d6a035a14d367aed794d091e755c93e4036-V

ПАНҶАКЕНТ. Дар шаҳри Панҷакент бо хатмкунандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва №3 дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» мулоқоти раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода баргузор гардид. Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроия оид ба  эҳтироми падару модар, насли калонсол, омӯзгорон, ахлоқу одоби ҳамида, бо баҳои хубу аъло хатм намудани муассиса, шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро (экстремизм ва тераризм)  суҳбат намуд. Зикр гашт, ки аз нигоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон бояд аз ҳама  қишрҳои ҷомеа  бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд. Рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд. Амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Ин пешниҳодҳоро ҳамаи хатмкунандагон дастгирӣ намуда, иброз доштан, ки мо ҷавонон тарафдори сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи давлату хукумат буда, барои пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузорем. Мулоқот бо хатмкунандагон дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва деҳот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>