Танзими ҳуҷҷатгузорӣ

гул

ГУЛИСТОН. Бо мақсади омӯзиш ва дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории фаъолияти Ташкилоти ибтидоии «Шаҳраки Сирдарё» ва мусоидат намудан дар танзими ҳуҷҷатгузорӣ, тибқи нақшаи кории шуъбаи кор бо занони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, аз ҷониби  мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия  Раҳимова М.А. ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ санҷида шуд.  Ташкилоти ибтидоии «Шаҳраки Сидарё» дорои утоқи алоҳидаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ буда, дуруст таҷҳизонида, ҳуҷҷатгузорӣ мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб ба роҳ монда шудааст.  Дар ҷодаи ҳуҷҷатгузорӣ камбудиҳо низ ба назар мерасад. Бо ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба тартиби ба қайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбат намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд. Ташкилот барои зиёд намудани сафи ҳизбиён кӯшиш ба харҷ монда истодааст. Тибқи нақша оид ба расонидани ёрии методӣ ба Ташкилотҳои ибтидоӣ  кор давом дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>