Об барои рушди устувор

20181017_121113

АШТ. Санаи 28-уми ноябри соли ҷорӣ мутобиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳия оиди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» бо омӯзгорони ин муассиса мулоқот баргузор гардид. Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Маҷидов Б. ҳангоми мулоқот бо омӯзгорон оиди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» сухан карда,  қайд кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. Татбиқи ташаббуси Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амиқ дарк намудани аҳамияти об, ҳам барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳам таъмини сулҳу субот саҳми арзанада мегузорад. Дар охир ба омӯзгорони муассиса варақаҳои таблиғоти супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>