Ҳадаф- татбиқи Барномаи озуқавории мамлакат

image-0-02-06-85d73c6636ac2492063a30d66a3fd4da9bfd1302d9048ff96f1e3b77b9fcbc4a-V

ПАНҶАКЕНТ. Имрӯзҳо мулоқоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо аҳолӣ доир шуда истодааст. Дар мулоқоте, ки бо аҳолӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ доир гардид, сухан дар бораи таъмини барномаи озуқавории мамлакат, рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, зиёд намудани майдони кишти савзавот ва картошка сухан рафт. Дар мулоқот раиси шаҳр Ислом Зиёзода ба масъулони соҳаи кишоварзӣ  ва Ҷамоати деҳот дастур дод, ки оид ба самаранок истифода бурдани замин, таъмири сарвақтии пойгоҳҳои обкашӣ, каналҳои худҷорӣ, саривақт ба иҷро расонидани кишти тирамоҳӣ, таъмини захираи тухмии хушсифати картошка диққати зарурӣ дода шавад.  Раиси шаҳр таъкид намуд, ки  дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ба ҷойи майдонҳои пешинаи тамоку  майдони кишти картошка афзун карда мешавад. Ба таъкиди ӯ картошка ҳамчун  маҳсулоти талаботи аввалиндараҷаи истеъмолии  аҳолӣ  дар қатори маҳсулоти нонӣ ниёзмандони зиёд дорад. Инчунин, зиёд намудани майдони   кишти картошка ин афзоиш ёфтани ҷойи корӣ барои  аҳолӣ аст. Мақсад аз афзоиш додани майдони кишти картошка ин арзон намудани нархи он дар бозори истеъмолӣ  ҳам мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>