Ба табиат назар куну таърихро фаромӯш накун

ХУҶАНД. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 марти соли 2017 хонандагони Курси захиравии кадрҳои кумиҷроия аз Ассотсиатсияи Тараққиёти Сайёҳии «Зарафшон» дидан намуданд.  Ҷамшед Юсупов роҳбари ташкилоти мазкур сараввал аз таърихи ташкилшавии ин ташкилот ва рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузашт ва қайд намуд, ки ҳамаи ин пешравиҳо маҳз бо дастгирии оқилонаи сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дастовардҳои зиёди аз ҷиҳати экологӣ тозае, ки бо риштаҳои абрешимӣ бофта шуда, бо сабзию чормағз ранг карда шуданд ҷолиби диққати ҳамагон гашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>