Пешгирии зӯроварӣ дар оила

IMG-fb0969040864cdd7f4d8d20d99c47e46-V

КОНИБОДОМ. Ҳамасола дар ҷаҳон 16 – рӯзи мубориза зидди хушунат ва зӯроварӣ дар оила гузаронида мешавад. Аз 19-уми марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» бо имзои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул ва мавриди амал қарор гирифтааст. Бахшида ба ин чорабинии муҳим шӯъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Дар бинои Кумитаи иҷроияи шаҳрии  ҲХДТ вохӯрӣ бо донишҷӯёни навхонадор ва омӯзгорони ҷавони коллеҷу литсейҳои шаҳр баргузор гардид. Сараввал сӯҳбатро мутахассиси шӯъбаи занони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ – Фирӯза Шерматова ифтитоҳ бахшид ва мақсади мулоқотро баён намуд. Ба ҳозирин навор дар бораи пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила намоиш дода шуд. Сипас ҷонишини Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ – Холматова Х  дар бораи сар задани зӯроварӣ ва бартараф намудани он сухан карданд. Аз ҳозирин саволҳои тестӣ оиди мавзӯи мазкур барии фаҳмидани фикрашон гирифта шуд. Наварӯсони коллеҷу литсейҳо дар мавзӯи «Оилаи ман — бахти ман» иншои хурд- эссе навиштанд.  Ҳадаф аз ташкили чунин вохӯриву мулоқотҳо бартараф намудани зӯроварӣ дар оила, ҳимояи ҳуқуқи оила ҳамчун асоси ҷомеа ва пешгирии вайроншавии оилаҳо  ба шумор меравад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>