Мулоқот дар маҳаллаҳо

20181114_131145

АШТ. Рӯзи гузашта бо ибтикори раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт М.Мадаминова дар маҳаллаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Шодоба вохӯрӣ бо мардумони маҳалл оид дар масъалаҳои мубрами рӯз ва оиди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баргузор карда шуд. Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт М.Мадаминова зимни вохӯрӣ таъкид дошт, ки дар пешрафти ҷомеа нақши бонувон ҳамчун неруи созандаву ташаббускор хеле калон аст. Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки даврони инкишофи бо сурати натанҳои илму техника, ҳамчунин замони таҳавуллоти зеҳниву ботинии инсон мебошад. Чунин сурат гирифтани раванди ҷомеа аз мо тақазо мекунад, ки ҳар кадоми мо ҳам қадам ва ҳамнафаси давру замон бошем ва барои таҳкими Ватан, бақои миллат, рушди ҳамаҷонибаи кишвар, ва хусус барои фарзонагӣ, хушахлоқӣ ва одоби ҳамидаи фарзандони худ чораву татбирҳои судманд андешем. Раиси маҳалла Тоҷибоев Ашурбой оиди мавзӯҳои мазкур сухан карда, қайд намуд,  ки бинобар ин қабули санади ҳуқуқиии мазкур барои ояндаи ҷомеаи мо нақши ҳалкунанда бозида, ба тарбияи шахсоне мусоидат хоҳад кард, ки дар оянда мо ба онҳо ифтихор хоҳем кард. Зеро танҳо насли соҳибмаърифату соҳибкасб метавонад, дар бунёди давлати миллӣ саҳмгузор бошад. Дар охир сокинони ҷамоат  ба чунин вохӯриҳо миннатдории хешро ба раиси ноҳия ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>