16 рӯзи бидуни хушунат

IMG_3884

ГУЛИСТОН. Саросари кишварҳои дунё  «Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи хушунати занон», ки ҳамасола ин масъала таҳти унвони 16 — рӯзи бидуни хушунат бо баргузор намудани чорабиниҳо матраҳ мешавад, таҷлил менамоянд. Тибқи нақша мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А. дар Ташкилоти ибтидоии «Шаҳраки Сирдарё», бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи хушунати занон» бо фаъолон ҳизб ва занони хонанишин вохӯрӣ баргузор намуд. Зимни баромади худ, мудири шуъбаи кор бо занон дар бораи навъҳои хушунат равонӣ, ҷинсӣ, ҷисмонӣ, молӣ-иқтисодӣ суханронӣ намуд. Хушунат аз рӯзҳои аввалини пайдоиши инсон дар байни мардум ҷо дорад. Ин маризии бедаво дар байни тамоми халқияту миллатҳо ҳаст. Зӯроварӣ дар оила аз падидаҳоест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро чун масъалаи доғи рӯз эътироф намудааст. Зӯроварии хонаводагӣ ба ҳамаи аъзои оила зарар мерасонад. Оқибатҳои хушунат дар оила на танҳо ба зан балки, ба фарзандон таъсири калон расонида метавонад. Кӯдакон асабонӣ шуда, ба дили онҳо тарсу ваҳм пайдо мешавад. Ҳар як ҷомеаи имрӯзаро зарур аст, ки барои аз байн бурдани хушунату зӯроварӣ дар оила саҳми худро гузоранд ва дар ин самт бетараф набошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>