Андоз – пояи давлат

бғ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмун дар мавзӯи «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонанда» баргузор гардид. Ин озмун  дар ташкилоти ибтидоии «Шаҳраки ҳафтум» ҷамъбаст гардид. Раиси нозироти андози ноҳия Эҳсон Ғаффорӣ зимни баромад қаӣд намуд, ки андоз сарчашмаи муҳими даромади давлатӣ ба шумор меравад. Яке аз манбаъҳои асосии ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳурӣ ин пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани молу мулки ғайриманқул ва қитъаҳои замини шахсони воқеӣ мебошад. Бо мақсади танзими фаъолияти андозсупорандагон ва сабук сохтани назорати кори онҳо, мусоидат дар рушди фаъолияти соҳибкорон кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирандешӣ намуда, пайваста аз технологияи муосир истифода менамояд. Тибқи таҳлилҳо имрӯз фаҳмиш, корбарӣ, ҷаҳонбинӣ, маълумотнокии андозсупорандагон нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст ва ин ба фаъолияти самаранокии кормандони соҳаи андоз мусоидат мекунад. Корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ самти афзалиятнокии фаъолияти мақомоти андоз аст. Дар фазои орому осуда, суботи комили сиёсӣ ва тартиботи устувори ҷамъиятӣ баргузор гардидани чунин чорабиниҳо ва татбиқи дигар чорабиниҳои созандаи давлату ҳукумат, ки ба нафъи халқи тоҷик равона шудаанд, аз фаъолияти самарабахши кормандони нозироти андоз вобаста мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии том таъкид кардаанд, ки: «Мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат, поквиҷдониву садоқат  ва ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар кадоми Шумо боварӣ дорем ва эътимод дорем, ки Шумо кормандони мақомоти андоз минбаъд низ аз иҷрои вазифа ва супоришҳое, ки давлат ва халҳи тоҷикистон дар назди Шумо гузоштаанд, сарбаландона мебароед». Хонандагони МТМУ №83 композитсияи адабиро бо номи «Андоз-пояи давлат» пешкаши тамошобинон гардониданд. Дар охир, ба ғолиби озмуни иншои беҳтарин- хонандаи МТМУ №12 Ҳасанзода Саида, ғолиби озмуни расми беҳтарин- хонандаи МТМУ №27 Ҳакимова Меҳринисо ва аз руи шарти саволу ҷавоб ба хонандаи МТМУ №13 Абдулакимова М «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои хотиравии Нозироти андози ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>