Бунёди неругоҳи «Роғун» чун иншооти нодири асри XXI аҳамияти ҷаҳонӣ дорад

ba11d5df6f7fda26019fe0b2c6edee71

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2018 дар шаҳри Роғун дар маросими оғози кори агрегатиякуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» иброз доштанд, ки «дар натиҷаи тадбирҳои амалӣ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо шарофати заҳмати содиқонаи бунёдгарони иншооти таърихии Неругоҳи барқи обии «Роғун» имрӯз мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон- таъмини истиқлолияти энергетикӣ, яъне шарти асосии ҳалли масъалаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва дар айни замон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ хеле наздик шудем». Дарвоқеъ, дар ҷаҳони муосир иншооте арзи вуҷуд менамоянд, ки барои ин ё он мамлакат на танҳо сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва сарбаландию сарфарозӣ, балки мояи ифтихори имрӯзу фардои мардуми заҳматпеша ва рӯи сурхи ҳар як сокини бонангу номуси он мебошанд. Чунин иншооти таърихӣ барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин Неругоҳи барқи обии «Роғун» — Кохи бузурги нури миллат аст, ки бо ташаббуси бевосита ва заҳматҳои бемислу монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, оғози кори нахустин шӯълаи чароғистони бузурги миллат, яъне агрегати якуми он 16 ноябри соли 2018 — дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Бешубҳа, нақши Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» хеле бузург аст. Ногуфта намонад, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар шаҳри Роғун бо иштироки коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатии  муқими Душанбе, коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон, намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин бо иштироки бештар аз 200 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ, нахуст дар маҳалли сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе-Роғун» ва фаъолияти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғози расмӣ бахшида, бо ин ба орзуву омоли деринаи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшониданд. Ҳамин тариқ, дар фазои тантанавӣ 16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти иншооти бузурги аср, ки дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, ба рӯзи равшаниву нур, ормонҳои миллӣ ва мусоидат дар рушди иқтисодиёту иҷтимоияти кишвар аст, оғоз бахшиданд. Ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ будани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дақиқияти кори аввалин агрегати он бо гузоштани танга муайян карда шуда, дар ҳузури намояндагон ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ исбот гардид. Дар ҳақиқат, оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои тамоми сокинони Тоҷикистони азиз санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ буда, он бо талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, ҷидду ҷаҳд ва сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади мусоидат ба рушди устувор ва таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳандозӣ карда шудааст. Дар ин бора Пешвои маҳбуби миллат дар суханрониашон таъкид намуданд, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баъди барқарор гардидани сулҳу субот, бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат сохтмони неругоҳи азиму ҳаётан муҳими «Роғун» оғоз гардида, он ҳамчун омили муҳимтарини рушди минбаъдаи Тоҷикистон, зиндагонии осудаи на танҳо мардуми тоҷик, балки мардуми осиёи марказӣ ва гирду атрофи он ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат дар суханрониашон дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 дар шаҳри Роғун ибораи  КОХИ БУЗУРГИ НУРИ МИЛЛАТ-ро истифода бурда, зикр намуданд, ки “баъди гузашти айём бо ифтихор хоҳем гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мо бо заҳмати худамон, бо саъю талоши халқи бузургворамон дар ҳамкорӣ бо беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд намудем ва он шаҳодати рӯшноии тафаккури миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсию ваҳдати миллӣ, эътибор ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон мебошад”. Тавре ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, нависанда, сенариянавис ва публитсисти номвари  Федератсия Россия Александр Проханов Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро «зебоии илоҳӣ» номида, зикр менамояд, ки тоҷикон, муҳандисони бузург, бунёдкорон якҷоя ва бо сарварии Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон кӯҳро шикофта, як тамаддуни азими зеризаминӣ сохтанд, то ки аз он маҷрои нур берун ояду Тоҷикистон, олами атроф, тамоми