Иқдоми созанда

IMG_0772

ИСФАРА. “Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қасри муосири “Шифокорон” бо дастгирии аъзои ҲХДТ ва ҷонибдорони он соли 2019 бунёд ва ба истифода пешниҳод хоҳад гардид.” – изҳор дошт раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии Беморхонаи марказии шаҳр, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибиддин Муҳамедов  Ҳизбиён дар ҷаласаи навбатии кумитаи иҷроияи ибтидоии БМШ ду масъалаи мубрами рӯз: “Рафти иҷрои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар самти татбиқи сиёсати ичтимоӣ”ва Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 –ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки дар заминаи татбиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ (муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2020) ва ташаббусҳои Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бобати ободкориву тозакориҳо аз ибтидои соли равон беморхонаи марказии шаҳр ба майдони бунёдкорӣ, таъмину тармими иншоотҳои мавҷуда, сабзпӯш, гулзор, мумфарш ва ба маркази корҳои бо таҷҳизотҳои муосир таъмингардии нуқтаҳои тиббӣ табдил ёфт. Биноҳои шӯъбаҳои таваллудхонава маҷлисгоҳ бо маблағи 22000 сомонӣ, даҳ ҳуҷраи модару кӯдак бо маблағи 44000 сомонӣ, бинои асосӣ бо маблағи 150600 сомонӣ , ду ҳуҷраи духтури дандон ба маблағи 16000 сомонӣ,бо дастгирии табибони ҳозиқ ва соҳибкорон аз таъмири кул бароварда шуданд. Бинои таҳлилгоҳи беморхона аз ҷониби ҶДММ Фароз пурра таъмир гардид. Назди қабулгоҳи беморхона ба масоҳати 840 м2 бо газон сабзпӯш ,ба боғи навбунёд 46 бех дарахти ороишии арча бо маблағи 16590 сомонӣ, 7500 дона гулҳои мавсимӣ, 1200 дона гулҳои ороишӣ шинонидашуданд. Дар назди шӯъбаҳои эҳёи калонсолон ва хурдсолон, ҷарроҳӣ ва таваллудхона 4 айвонҳои баҳорӣ барои аёдаткунандагон бунёд гардиданд.  Ҳудуди беморхона бо маблағи 138000 сомонӣ мумфарш карда шуданд.  Бо мақсади дастрасии аҳолии ниёзманд, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ба 13238 нафар хизматрасонии ройгон ба ҷо оварда шуд. Бо мақсади таблиғу ташфиқи доимии тарзи ҳаёти солим кумитаи иҷроияи ибтидоӣ бо муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва кумитаҳои маҳал робитаи доимӣ ба роҳ монда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва мақому манзалати инсон дар ҷомеа, ташаккули мафкураи насли наврас ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуда истодааст.  Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар беморхонаи марказии шаҳр ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам сифат рӯ ба пешравӣ дорад. Дар ҷаласаи кумита 52 нафар табибони ҷавону умедбахш ва ҳамшираҳои шавқат ба узвияти ҲХДТ пазируфта шуданд. Дар вазъи тантанавӣ ба 20 нафар аъзои ҳизб шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуданд. Дар кори ҷаласа муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов иштирок ва баромад кард.  Руҳияи болидаи табибон, дастгирии ташаббусҳои раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии Беморхонаи шаҳрӣ аз ҷониби аъзои ҳизб ва ҷонибдорони он шаҳодат ба он аст, ки то ҷашн 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба як гӯшаи натанҳо табобатӣ, балки истироҳатию фароғатӣ дабдил ёфта, ба мизоҷон шодиву фараҳ ва шифои комил мебахшад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>