Мулоқоти манфиатбахш

image-0-02-06-e2c0e649ffd204b50502249221e90fd23b3bc63a7e58e90fe7e2c533671fd204-V

ПАНҶАКЕНТ. Бо мақсади шиносоӣ бо ҳаёти толибилмон, мушкилоти таҳсил ва оилавии онҳо, ниёз доштан ба раҳнамоӣ, огоҳӣ ёфтан аз вазъи сиёсии ҷомеа, интихоби дурусти касб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, дур будан аз равияҳои ба эҳсосоти наврасон зараровар мулоқоти раиси Кумитаи иҷроия бо хатмкунандагони МТМУ шаҳр идома дорад. Чунин мулоқот бо хатмкунандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №15 ва №34 – и шаҳр доир шуда дар бораи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар мавзӯҳои муҳими рӯз сухан рафт. Дар мулоқот  раиси Кумитаи иҷроия оид ба пешравиҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият ва ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО «Роғун», шоҳроҳи Айнӣ Панҷакент, бунёди муассисаҳои фарҳангӣ, таълими ва табобатӣ ва биноњои баландошёна суњбат намуд. Ӯ инчунин дар мулоқот изҳор дошт, ки дар  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омада аст, ки таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд буда, дар навбати худ фарзанди  болиғу қобили меҳнат вазифадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгири намояд. Дар охир ба ҳамаи хатмкунандагон хониши хубу аъло ва бурдбориҳо таманно карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>