Имкониятҳои фароҳам баҳри дастгирии занон

4

ИСФАРА. Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, баҳри татбиқи амалии он Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи “Абдурафи Бобоев”-и деҳоти Навгилем бо занони хонанишин мулоқот доир намуд.  Мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ф. Тоҷибоева бобати баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, хушунат алайҳи зӯроварӣ, ҳисси ватандӯстӣ, инчунин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, изҳор дошт:  Модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани худро эҷод мекунанд. Бо тақозои замон модарон соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васе дар тарбияву парсаторӣ камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандонашон корҳои шоёнро ба ҷо меоранд.. Мо занон аз имкониятҳои фароҳам омада аз сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон самаранок истифода бурда, барои гулгулшукуфии Исфараи азизамон нақши арзанда гузоштанамон лозим.  Тибқи санадҳои зикршуда бояд ба ҷабрдидагони хушунат ва зӯроварӣ хизматҳои иҷтимоӣ пешниҳод гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо, махсусан оид ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда тадбирҳо бо мақсади ҳимояи ҳуқуқии оила ҳумчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зӯроварӣ дар оила тадбирҳои зарурӣ андешем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>