Мулоқот дар маҳалла

IMG_3989

ГУЛИСТОН. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр дар маҳаллаи Сарбанд бо сокинони маҳалла вохӯрии васеъ доир намуданд. Раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода оид ба Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун», шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози сухан намуд. Дар бунёди НБО «Роғун» саҳми Пешвои миллат хеле бузург  аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳо дар ин иншооти муҳим ҷиддӣ шурӯъ шуд. Пешвои муаззами мо сари чанбари мошин нишаста аввалин қуму шағолро барои гирифтани пеши роҳи дарё ва бунёди дарғот рӯи об рехтанд. Аз дидани ин саҳна дар қалби ҳар соҳибватан ҳисси ифтихорро меафзуд ва бори масъулияти ватандориро барои ҳар тоҷик дучанд мекард. Иншооти бузурги асрро 25 ҳазор нафар мардони бонангу номуси Ватан бо зарби дасту бозу эъмор карданд. Паҳлу ба паҳлу бо эшон бонувон низ баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ заҳмат кашиданд.  Рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дохили нақб ворид гардида, аввалин агрегати Роғун , чархаи шашумро ба кор дароварданд. Бо бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иқтисодиёти кишвар даҳчанд боло рафта, некуаҳволии мардум фароҳам меояд ва Тоҷикистони азиз ба ахтари ҳамешатобон мубаддал хоҳад гашт. Раиси кумиҷроия ҳозиринро бо ин рӯзи нек шодбош намуданд.  Зимни баромад оид ба таълиму тарбияи ҷавонон, дар руҳияи ватанпарастӣ, одоби ҳамидаи инсонӣ, рафтору кирдорӣ нек тарбия намудани ҷавонон,  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки доғи рӯз аст, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>