Мулоқот бо ҷавонон

СПИТАМЕН. Имрӯз, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен,  вохӯрии  ҷавонони фаъоли ноҳия, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо сармутахассиси кумитаи ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхонов Исмоил баргузор гардид. Зимни суханронӣ  муовини раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, намояндаи кумитаи ҷавонони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхонов Исмоил, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Муҳаммадиев Музрафхон ҷавононро баҳри пешрафти ҷомеа, маърифатнокии сиёсии ҷавонон, тарбияи худшиносию худогоҳӣ, фарҳанги волои миллӣ ва дигар самтҳо ҳидоятҳо намуданд. Дар навбати худ Шерхонов Исмоил ба сухан баромада  таъкид намуд,ки Тоҷикистон  давлатест,ки дар миқёси ҷаҳон чун сарзамини биҳиштосо маъруф гаштааст. Боиси ифтихор гашт, ки  бо ибтикори Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Роҳбари муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2017, Соли ҷавонон эълон гардид,ки  ин нишонгари бевоситаи ғамхории Роҳбарияти олии кишвар нисбати ҷавонон мебошад. Роҷеъ, муовини раиси ТҶҶ Созандагони Ватан, аъзои фаъоли ҳизб, ҷавони болаёқату ташаббускор Бобоев Наимҷон, шахси масъули ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи мраказӣ»  оиди шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои  номатлуб  ва пешгирии он суханронӣ намуда ҷавононро барои ташаббускорӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, илму касбомӯзӣ равона сохта барои ба сафи ҲХДТ шомил шудан ва дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат барои арҷгузорӣ даъват намуд. Вохӯрӣ судманд гузашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>