Мулоқоти кормандони кумиҷроияи шаҳрӣ бо омӯзгорони ҷавон

ПАНҶАКЕНТ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар бинои муассисаи таълимии умумии №75, деҳаи Косатарош вохӯрии ҳизбиён бо омӯзгорони ҷавон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ, ки «Соли 2017-Соли ҷавонон» унвон дошт ва тарбияи ватанпарстии насли наврасро ҳадафи худ қарор дода буд, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, мудири шӯъбаи иттиллоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ Лутфуллоев Бурсӣ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Алишер Амонов иштирок ва суханонӣ намуданд.     Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ба ҳозирин доир вазъи имрӯзаи ҷаҳон, тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии насли ҷавон суханронӣ ва қайд намуд, ки масъалаи тарбияи ҷавонон, ки нерӯи созандаву бунёдкор мебошанд, муносибатҳои нисбатан навро талаб мекунад. Дар охири вохӯрӣ ба 17 нафар омӯзгорони ҷавон Шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>