«16 рӯз алайҳи зӯроварӣ ва хушунат дар оила»

Exif_JPEG_420

МАСТЧОҲ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №13 вохӯрӣ дар мавзӯи «16 рӯз алайҳи зӯроварӣ ва хушунат»  бо занони хонашини Ҷамоати деҳоти Палдорак баргузор гардид. Чорабиниро мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Баҳодурзода Мавҷудахон Муқимхон ифтитоҳ намуда, оид ба роҳҳои муассири ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил баромад кард. Ҷураева Гулнора Маҳмудовна, мудири бахши кор бо занони  КИ ҲХДТ дар ноҳия зимни суханронии худ доир ба самту натиҷаҳои мубориза алайҳи хушунат ва зӯроварӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тарбияи насли ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ибрози андеша карда, таъкид намуд, ки пошхӯрии оилаҳо дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 170 нафарро ташкил дода, аз он ҷумла 68 нафар бо сабаби бефарзанди ва 102 нафар бо сабабҳои гуногун тариқи суд маълумот дод. Муовини Шӯрои занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафарова Садорат Каримовна Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиккистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва зиёдшавии қонуншиканиҳо аз ҳисоби ҷавонон суханронӣ намуд.  Азизова Замира Тӯғёновна сарвари маркази репродуктовии назди Маркази саломатии ноҳия саривақт ба қайд гузоштани занони ҳомила ва оиди бемории ВНМО баромад кард. Баҳриддинзода Мавлудахон собиқадори КИ ҲХДТ дар ноҳия ба сухан баромада, оиди пешгирии ҷудошавии оилаҳо, таълиму тарбияи насли наврас ва донистани ҳуқуқҳои худ сухан кард. Дар охири чорабинӣ иштирокчиён миннатдории худро ба кумиҷроияи ноҳиявӣ расонида, оиди ин масъалаҳо фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>