Зӯроварӣ дар оила – хатар барои ҷомеа

ИСТ ЗУР

ИСТАРАВШАН. Дар ҷамоати деҳоти Пошкент бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Истаравшан дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроия  ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бахшида ба «16-рӯзи бидуни хушунат» ҷамъомад таҳти унвони «Зӯроварӣ ва пешгирии он» гузаронида шуд. Дар ҷамъомад раиси шӯрои занони ҷамоати деҳот Марҳамат Мансурова баромад намуда, ба иштирокчиён дар бораи намудҳои зӯроварӣ ва пешгирии он маълумот дод. Сипас, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Истаравшан Ш.Маҳмудов оиди пешгирӣ намудани зӯроварӣ сухан ронд. Ӯ қайд намуд, ки падару модарон фарзандони худро барвақт хонадор менамоянд. Бояд ҷавонон пеш аз хонадоршавӣ соҳиби ҳунар бошанд ва ё донишгоҳеро бо ихтисоси лозима хатм намоянд. Дар баъзе оилаҳо хушдоманҳо келинҳои худро чун ғулом кор мефармоянд, ҳуқуқҳои онҳоро поймол мекунанд.  Бояд маърифати занонро боло бардошт, то занон аз ҳуқуқҳои худ бархурдор бошанд. Аксарияти хушунатҳои оилавӣ ин аз каммаърифатии занон, аз ҷаҳати ҳуқуқӣ саводи комил надоштани онҳо сар мезанад. Шумо, занон, нисбати ҳамсоя, ҳамкор, рафиқи худ бетараф набошед, бетарафӣ гуноҳи бузарг мебошад. Сипас, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Истаравшан Ф.Мӯъминова баромад намуда, қайд кард, ки дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар миқёси шаҳри Истаравшан 10 ҳодисаи худкушӣ ва 3 ҳодисаи сӯиқасд ба ҷон аз тарафи занон ба вуқӯъ пайвастааст. Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз доғи рӯз гуфтан мумкин аст, ин вайрон гаштани оилаҳои ҷавон мебошад, ки дар баъзеи онҳо мо хушунатҳои оилавиро дида метавонем. Дар деҳаи Пошкенти ҷамоати деҳот бекор гаштани никоҳи навхонадорон хеле зиёд аст, зеро аксарияти ҷавонон пас аз хонадоршавӣ ба муҳоҷират мераванд. Падару модарони онҳо бо келинҳо муросо накарда, хонаи фарзандони худро вайрон менамоянд. Бояд мо, фаъолзанон, пеши роҳи вайрон гаштани оилаҳои ҷавонро гирем. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Оила дар ҳар давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешвад. Аз ин рӯ, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад». Судяи шаҳри Истаравшан Анварҷон Абдуғаффорӣ дар баромади худ қайд кард, ки  то имрӯз 114 ақди никоҳи навхонадорон бекор карда шудааст. Дар вақти муҳокимаи судӣ мо бо хушунатҳои оилавӣ вомехӯрем. Бояд корҳои фаҳмондадиҳии байни занон вусъат дода шавад. Дар баромади худ сармуҳаррири нашрияи «Афкори халқ» М.Абдуваҳҳобова зикр намуд, ки барои пешгирӣ намудани хушунат дар оила ба ҳунаромӯзӣ ва илмомӯзии духтарон бояд аҳамият дода шавад. Дар назди ҷамоатҳои деҳот бояд махфилҳо ташкил карда шаванд, то ки дар он занони рӯзгордида ва оилаҳои намунавӣ аз таҷрибаи рӯзгор ва пастию баландиҳои зиндагӣ ба онҳо сухан ронанд, то навхонадорон донанд, ки барпо намудани оила, нигаҳбонии он кори душвору пурмашаққат буда, аз аъзоёни оила сабру таҳаммулро талаб менамояд. Судяи шаҳри Истаравшан Анварҷон Абдуғаффорӣ ба якчанд саволҳои занон оиди хушунат, пардохти алимент, маскун намудани занон, додани боваринома аз муҳоҷират ва ғайра ҷавобҳои солеҳ гардонид. Ҷамъомад хеле хотирмон гузашта, барои баланд гаштани маърифати ҳуқуқии занон кӯмак расонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>