Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди ВНМО

20181201_102210

АШТ. Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо иштироки аъзоёни  фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»  аксия бахшида ба рӯзи 1-уми декабр  «Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди ВНМО»   баргузор гардид, ки он дар кӯчаву маҳаллаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 250 варакахо  ба шаҳрвандон тақсим карда шуд.  Зимни баргузории аксияи мазкур ба шаҳрвандон оид ба бемории норасоии масунияти бадан ва роҳҳои пешгирӣ аз ин вабои аср фаҳмонида шуда, қайд карда шуд, ки ВНМО ба системаи масунияти одам зарар расонида, ҷисми одам хусусиятҳои муҳофизатии худро нисбат ба намудҳои гуногуни микробҳо ва бемориҳои саратонӣ гум мекунад. Сари вақт табобат накардани сирояти ВНМО метавонад ба БПНМ оварда расонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>