Партавфишонии парчам дар шаҳраки Бӯстон

МАСТЧОҲ. Дар баландтарин қуллаи  куҳҳои назди Қасри фарҳанги ноҳия парчами давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 10 метр насб гардид, ки дар омода ва қомат афрохтани он саҳми ҳизбиёни ноҳия ниҳоят бузург аст. Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров зимни расман муаррифӣ намудани он изҳор дошт, ки чунин иқдом метавонад дар Соли ҷавонон яке аз омилҳои рушди ватандӯстӣ дар байни насли наврас ва ояндасози миллат гардад. Дарозии матои парчам 5 ва бараш 4 метр буда,  ба ифтихори Соли ҷавонон ва  20 – солагии Ваҳдати миллӣ чун рамзи ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ноҳия партавфишонӣ менамояд. Парчам аз ҳамаи гӯшаҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон намоён буда, ҷилои рангҳои он сокинонро ба шукргузорӣ аз фазои оромию ободӣ ва таҳкими Ваҳдату ифтихори миллӣ даъват месозад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>