Иншооти ҷашнии ҳизбиён

3

КОНИБОДОМ.  Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникӣ ва маъмурии ҳизб вақтҳои охир як қатор кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат ба тариқи ҳашар ба сохтмони биноҳои ҳизбӣ иқдом карда истодаанд. Дар шаҳри Конибодом  низ бо дастгирии Раиси шаҳр Ғ.Боҳирӣ ва кӯшишҳои пайвастаи Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ  Бобоҷонзода А. Т. сохтмони бинои алоҳидаву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст. Имсол  таҷлили ҷашни 24 — солагии ҲХДТ барои ҳизбиёни шаҳри Конибодом хотирмону фаромӯшношуданист. Зеро дар ин айём  барои сохтмони  бинои нави ҳизб санги асос гузошта шуда, алҳол корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён дорад. Ҳизбиён нақша доранд, ки сохтмони биноро тариқи ҳашар сохта ба анҷом расонанд. Бунёди бинои ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти кишварамон- Тоҷикистон тӯҳфаи хубе хоҳад буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>