Мулоқот дар арафаи таъсисёбии ҲХДТ

image-0-02-06-64dccb2436d047b2ea0c8a40e859c7190f035e98ad274d573d73f72543f362c2-V

ПАНҶАКЕНТ. Дар арафаи таҷлили Рӯзи ҲХДТ мулоқоти Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дорад. Чунин мулоқот дар МТМУ №25- и шаҳраки Суғдиён ва МТМУ №86 – и Ҷамоати деҳоти Косатарош, деҳаи Нови Чомоқ бо коллективи омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид. Дар МТМУ №25 мулоқотро директори муассиса Норимов Зубайдулло оғоз намуда аз фаъолияти мактабдорӣ  сухан ронд. Дар суханронии худ раиси Кумитаи иҷроия  оид ба моҳияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳозирин нақл карда таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зодаи замони Истиқлолияти давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон мебошад ва бунёди давлати мутараққиро ҳадафи асосии худ ҳисобида, манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гуруҳӣ афзалтар мешуморад. Ҳимояи ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими  истиқлолият, таъмини манфиатҳои тамоми мардуми ҷумҳурӣ, пешрафти фарҳанг, забон ва бақои анъанаҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои ҳизб буда, он бояд барои мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ хизмат намояд. Агар ба таърих нигарем, ҲХДТ ҳамчун яке аз аввалин ҳизбҳои сиёсӣ ва пешсафи Тоҷикистон дар байни аҳолӣ соҳибэҳтиром гардидааст. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд : «Мақсади асосӣ аз созмон додани ҲХДТ муттаҳид намудани он неруи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ аст, ки ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ мутараққиро таъмин намуда, манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳимоя карда тавонад». Ҳоло ҲХДТ ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум»  кор ва фаъолият намуда истодааст. Дар охири мулоқот раиси Кумитаи иҷроия ба ҳамагон мувафакиятҳо таманно намуда ба 11 нафар омӯзгорон Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорид ва онҳоро бо ин санаи хотирмон шодбош гуфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>