Раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯён мулоқот мекунанд

hukumat-5

СУҒД. Аз 5 то 20 декабри соли равон раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маркази вилоят бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мулоқот мекунанд. Ҷадвали вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯён аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардид ва қарор аст мулоқоти анъанавӣ дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ,  Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Кохи фарҳанги Суғдиён ҷараён гирад. Зимни вохӯриҳо ба донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар назар аст, ки ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>