200 халта орд ба оилаҳои ниёзманд

МАСТЧОҲ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар самти дастгирии оилаҳои маъюбу ниёзман ва ятиму бепарастор иқдомоти наҷиберо амалӣ менамояд. Чанде пеш бо ҳидояти кумиҷрояи ноҳиявӣ соҳибкори муваффақ ва узви фаъоли ҲХДТ Абдуғанӣ Шарипов ба 200 оилаи ниёзманд як халтагӣ орди ватании навъи якум эҳдо намуд. Аз чунин иқдоми пур аз савоби соҳибкор аёдатшудагон ниҳоят хурсанд шуда, ин ташаббусро пайравии хубе аз сиёсати иҷтимоии Роҳбари ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистанд. Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров ба соҳибкори муваффақ аз номи раёсати кумиҷроя изҳори сипос намуда, ин иқдомро намунаи олӣ барои дигар соҳибкорон арзёбӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>