Риояи Оиннома – асоси пешравӣ

ГУЛИСТОН. Дар асоси барқияи №8 Кумитаи иҷроияи вилоятӣ аз санаи 01.03.2017 санаи 28-уми март  маҷлиси ғайринавбатии КИ ҲХДТ гузаронида шуда, дар он масъалаи риоя намудани Оинномаи ҳизб ва Низомнома “Оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ” баррасӣ гардид. Аз рӯи масъала раиси Кумитаи иҷроия К.Қосимова баромад намуда, ҳамаи муваффақияту норасоиҳои  ҳуҷҷатгузориҳоро оиди ба қайд гирифтани аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ муфассал гуфта гузашт. Мавсуф инчунин дар бораи қайди супоридани аъзоҳаққӣ дар шаҳодатномаҳои ҳизбӣ истода гузашт. Дар охир қарори дахлдори маҷлиси КИ қабул карда шуд ва аз тарафи раиси КИШ даъват ба амал оварда шуд, ки дар китоби “Санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизб” дар саҳифаҳои 126 — 131  “Низомнома” оид ба тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оварда шудааст, ки ҳама бояд аз наздик бо он шинос шаванд ва аз рӯи талаботи он фаъолиятро ба роҳ монанд. Дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳр дар оянда низ ба танзим даровардани ҳуҷҷатгузорӣ мунтазам ба роҳ монда мешавад. Дар охири маҷлис ба 10 нафар пешқадамони истеҳсолот шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>