Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон – омили ояндаи дурахшон

 ҶАББОР РАСУЛОВ. Санаи 29 марти соли 2017 дар асоси дастури супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар  асоси нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ бо донишҷуёни Литсейи касбии техникии ноҳия дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон – омили ояндаи дурахшон» аз ҷониби масъулони намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамкории маъмурияти Литсейи касбии техникии ноҳия ташкил ва гузаронида шуд. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, раиси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоят Хоҷиев Фирдавс, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Умарзода Ботирҷон ва инчунин ҷонишони директори Литсейи касбии техникии ноҳия Охунов Рустам, Ғафурова Умида, Вайдуллоева Наргиза, донишҷуён зиёда аз 60 нафар фаъолона иштирок намуданд. Вохӯрии мазкурро ҷонишини директории Литсейи касбии техникии ноҳия Охунов Рустам ифтитоҳ намуда, суханро ба мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, раиси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоят Хоҷиев Фирдавс дод. Ӯ дар баромадаш дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон – омили ояндаи дурахшон», дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон, инчунин дар бораи «Соли Ҷавонон», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Дар давоми вохӯрӣ донишҷуён бо намояндаҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и вилоят ва ноҳия суолу ҷавоби озодона баргузор намуданд. Вохӯрӣ бо руҳияи баланд ва як таассуроти баланд ба итмом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>