Мизи муддавар дар ташкилоти ибидоии «Тағояк»

СПИТАМЕН. Тибқи дастуру супоришҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Раиси ҲХДТ Ҷаноби Олӣ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар арафаи ҷашнгирии иди Наврӯзи байналмиллал  маҷлиси ҷамбастии думоҳаи фаъолони вилоят, ки дар шаҳри  Гулистон  баргузор гардид, бахши занони кумитаи иҷроияи ноҳияи Спитамен, тасмим гирифт байни занҳои касбу корашон гуногун мизи муддавар ташкил намояд. Имрӯз, дар байни зиёиён ва кормандони МТТ №15 ба номи «Бойчечак»-и назди ташкилоти ибтидоии «Тағояк» оиди таълиму тарбияи фарзандон, эҳтироми расму оинҳои миллӣ, касбомузиву ҳунаромузии ҷавонон,  пешгирифтани ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва зери рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ ба воя расонидани фарзандон дар гирди мизи мудаввар сӯҳбат оростанд. Мутахассиси омор ва бойгонии кумитаи иҷроия Обидҷонова Ф оиди ноустувории оилаҳои ҷавон суханронӣ намуда, барои пойдории оила,  бо суханҳои  ҳурмату иззати  хусуру хушдоман аз тарафи арӯсу домод, сабру таҳаммул пазирии зан, арӯс, ҳамсар ҳидоятҳо намуд. Мудири МТТ № 15 Исломова Мадинахон, Алиматова Зулфия мутахассиси кор бо занони  ташкилоти ибтидоии «Тағояк»,  ёрдамчии мураббия Маъмурова Шаҳноза  фикру андешаҳои худро оиди тарзи либоспушии ҷавондухтарон, одоби хамидаи духтарон дар ҷамъият ва касбомӯзии духтарон  мулоҳизаронӣ намуданд. Суханронӣ дар байни занҳои фаъол таъсирбахш ва муфид гузашт. Дар ҷамъбасти мизи мудаввар, ба 11 нафар занҳои фаъол, шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>