НАШРИЯИ “АХБОР”, МОРО БА ҚАФО НАКАШДИДААСТ

316955-b6034ac7

Тазоҳуротчиёни наҳзати рӯзе пеш бо муболиғaю воҳимаҳои зиёд дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Олмон “Гирдиҳамоии бузург” ташкил ва баргузор намуданд, ки нақшаи ин амалро бо муҳобот якчанд рӯз қабл дар манбаҳои ахбороти расонаӣ карда буданд. Ҳукумати кишвар эътирозу шикоятҳои модароне, ки фарзандонашонро наҳзатиҳо ба гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ таблиғ карда, шомил намудаанд ба назар гиррифтаанд. Ва дар ҳамин радиф хостанд, ки дар ҷавоби ин тазоҳуротчиёни намояндагони ТЭТ ҲНИ дар кишвар гирдиҳамоӣ ташкил намоянд. Вале дар асл ин талаби он модарон буд, ки косаи сабри онҳо аз ин, ки як – як аз дасти ин нохалафон ҳаёташон тираву тор гаштааст, лабрез гашта буд. Баргузор намудани ин гирдиҳамоие, ки модарон садо баланд карданӣ буданд, дарди дили онҳост. Ба ташкили ин гирдиҳамоӣ на мақомот даст дораду на ҳукумати давлатӣ. Баръакс, тавре аз шарҳи яке аз намояндагони ҳукумат баён доштааст, мақомот пеши роҳи ин тазоҳуроте, ки қарор буд дар назди сафорати Олмон доир мегардад, гирифтаанд. Сабаб дар он буд, ки миллати тоҷик, хосатан мардумони саодатманди тоҷик имрӯз қариб бо тамоми далатҳои рӯи олам робитаи дӯстӣ дорад. Ин аст, ки номбурда дар баёнияи хеш зикр карда, ки : «Олмон яке аз кишварҳои муҳими ҳамкори ҳукумати Тоҷикистон ва аз мададрасонҳои бузурги кишвари мост. Нақшаи митинг дар назди сафорати ин кишвар метавонист ба равобити Душанбеву Берлин латма бизанад. Хусусан айбдор кардани Олмон ба пуштибонӣ аз терроризм. Мо ба равобити хуб бо Олмон эҳтиром қоилем ва аз ин рӯ, чунин эътироз дар назди сафорати ин кишвари ба мо дӯст бар хилофи манфиатҳои ҳукумати Тоҷикистон буд.” Аммо муҳимтар аз ин бароям аҷиб афтод, ки манбаи расонавии “Ахбор”  ин қадар худситоиву “кордонӣ”- и худро васф кардааст, ки: “Аммо нашри ин нақша дар сомонаи «Ахбор” боис шуд, ки созмондиҳандагони гирдиҳамоии Душанбе аз ин азми худ қафо бигарданд.” Ин “доноён” — и нодон худ кистанд, ки то ба дараҷае ман манӣ доранд. Ба ин суханони пучу бемӯҳтавоии ин “сухандонон”, ки бовар дорад. Наход давлату Ҳукумати кишвар аз нашрияву тасмимоти ин нашрия ибратманд бошанд, ки аз фикрашон даст мекашанд. Охир дили барпо намудани гирдиҳамоӣ медоштанд, инро бояд донед, ки бе нашру табъи шумо низ амалӣ менамуданд. Бобати он талаботҳое, ки тазоҳуротчиён аз сафири Тоҷикистон дар Олмон хостаанд, гуфтаниам, ки манфиатҷӯён ҳама вақт дар фикри манфиатҳои худ аст. Дар он ҳафт талабе, ки ин нобакорон баён доштаанд, озодии нафаронеро хостаанд, ки то кунун мехоҳанд ба нафъи хеш истифода намоянд. Манфиатҳои он исломгароён, ки бо василаи ин “сарсупурдаҳои ҲНИ” ба даст меояд, миллати тоҷикро дубора, ба кишвари нотинҷу ноором мубаддал мекунад. Ва инро натанҳо модарони тоҷик балки тамоми мардуми сулҳпарвари кишвар маҳкум менамояд. Ошӯби зиндони шаҳри Хуҷанд, ки нақшаи амалинагаштаи ин наҳзатиҳо буд, бо ин ки талаби рӯйхати кушташудагонро кардаанд, давоми нақшаашон аст. Билохира наҳзатиҳо бо ҳар роҳу усуле, ки набошад талоши онро доранд, ки ба миллати мо халалро ворид созанд. Вагарна озодии зиндониёне ба ном “сиёсӣ” – и талаби тазоҳуротчиён ба хотири чист? Мо ҳама медонем, ки ин нафарон аз зумраи он ҷиноятпешагоне буданд, ки дар ноором сохтани вазъи кишварамон саҳм гирифтаанд. Ҳатто сар задани ошӯби зиндон низ бо фармону нақшаҳои пешбинишудаи ҳамин наҳзатҳиҳо ба амал омадааст. Дар ҳақиқат ин исён бо он мақсад барпо шуд, ки барои гурезонидани ҳамон номбаршудагон замина фароҳам оварад. Нақшаи авалаи наҳзатиҳо, ки бо зӯри исёну ошӯб амалӣ нагашт, тасмим гирифтанд, бо роҳи митинг амалӣ созанд.

Aнвaриддин Муҳиддинов,

доктори илмҳои биологӣ,

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>