Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила

SAM_6839

ҶАББОР РАСУЛОВ. Таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷавҳари Конститутсияи давлати ҳуқуқбунёди моро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки пешгирии зӯроварию ҳушунат дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Дар доираи нақшаи чарабиниҳои баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз вохӯрӣ оиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии занон, баҳри пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, бемориҳои ВИЧ СПИД, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустамзода Қумринисо иштирок ва суханронӣ намуд. Зимнан мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ – Рустамзода Қумринисо оиди обруву нуфузи ҳизб дар ҷомеа, падидаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризми байналмиллалӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ дошта, бемориҳои ВИЧ СПИД, вайроншавии оилаҳои ҷавон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарбия намудани кӯдакону ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ ва сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>