Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад

20181211_134029

КОНИБОДОМ. Санаи 11 декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Ҷамоати деҳоти ба номи Э.Шарифов бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги оиладорӣ  дар толори ҷамоати мазкур бо 35 нафар арӯсшавандагон ва домодшавандагон маҳфили навхонадорон доир гардид. Дар вохӯрӣ Абдуғаниев Ҷ — муовини Раиси ҷамоати деҳот, Холматова Х- ҷонишини  раиси  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Конибодом, Зоирова М — роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ», Исҳоқова О — мутахассиси пешбари ҳунарҳои мардумӣ иштирок намуданд. Вохӯриро Абдуғаниев Ҷ — муовини Раиси ҷамоати деҳот ҳусни оғоз намуда, оид ба тарбияи ҷавонондухтарон, бартараф намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар оила ва ҷомеа, додани дарси маърифати оиладорӣ бо тамоми нозукиҳояш ва пешгирии ҷудошавии  оилаҳои ҷавон сухан намуд.  Бо мақсади мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, муносибат бо хушдоман роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, оид ба ахлоқи духтарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, доир ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагии якҷоя, муносибату муошират ва роҳу усулҳои ташкилу нигаҳдории оилаи тифоқ ва пойдору устувор ибрози андеша намуданд. Дар баромади худ Зоирова М- роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Пайроҳаи хушбахтӣ” навхонадоронро  ба сабуриву таҳаммулпазирӣ, иззату эҳтироми тарафайн, бахшидани гуноҳи ҳамдигар ва парваридани меҳру муҳаббати самимӣ ба ҳамдигар даъват ба амал овард.  Ҳамзамон ба навхонадорон саволҳо пешниҳод гашта, аз ҷониби онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд. вохӯрӣ хеле хотиромон ба анҷом расид. Холматова Х- ҷонишини Раиси Кумити иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва дигар масъалаҳо гуфта гузашт.  Дар охир Исҳоқова О — мутахассиси пешбари ҳунарҳои мардумӣ оид ба ҷалб намудани  духтарони бекор ба ҳунарҳои адрасбофӣ,дӯзандагӣ,гилембоф баромад намуда, духтаронро ба ҳунар омӯхтан ва касбомӯзӣ даъват намуд. Вохӯрӣ хеле хотиромон ба анҷом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>