Ба муносибати 24-солагии ҲХДТ

истаравшан

ИСТАРАВШАН. Конференсияи намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Истаравшан дар мавзӯи «ҲХДТ – сарпарасти маънавии НБО-и «Роғун»» бахшида ба 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки фаъолҷавонон аз Коллеҷи тиббӣ, Литсейи касбӣ – техникӣ, гирандагони стипедияҳои Президентӣ ва раиси шаҳр, табибон, омӯзгорон, намояндагони ҷавонон аз кумитаи маҳаллахонаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид. Дар кори Конференсия и.в раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Илҳомҷон Зокиров, муовини аввали Раиси шаҳри Истаравшан Абудусаттор Қодирӣ ва аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Матлуба Мухторова иштирок намуданд. Нахуст Конференсияро и.в раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Илҳомҷон Зокиров ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ агрегати якуми НБО-и “Роғун” ба истифода дода шуд, ки маҳз ҲХДТ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузошт. Сипас ҳозирин аз рӯи масъалаи гузошташуда маърӯзаи аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Матлуба Мухтороваро шуниданд. + қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби зодаи Истиқлолият буда, таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” саҳми босазое дорад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10-декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кардааст, ки имрӯз мо 24-солагии таъсисёбиашро қайд намуда истодаем. Инчунин ӯ ҳамаи ҳизбиёнро бо ин санаи хотирмон табрику муборакбод намуд. Баъдан дар музокираи масъалаҳои гузошташуда, омӯзгори МТМУ №1 Заррина Байзоева, котиби матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан Шералӣ Азимӣ, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан Мунира Азимова ва Шамсулло Раҳмонов баромад карданд. Дар анҷоми музокираҳо муовини аввали Раиси шаҳри Истаравшан Абудусаттор Қодирӣ ба сухан баромада қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созанда буда, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саъю кӯшиш менамояд. Ва аз ҷавонон даъват ба миён овард, ки шукронаи тинҷиву осоиштагии Ватан намоянд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд то ин, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нагарданд. Сипас аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Раҳимзода Беҳрӯз Муроҷиатномаи Конференсия қироат карда шуд, ки ҳамаи ҷавонон якдилона пазируфтанд. Дар қисми дигари Конференсия як зумра фаъолон, омӯзгорони ҷавони МТМУ, ки ба таълиму тарбияи насли наврас шурӯъ карданд ва варзишгарони варзидаи дастаи футболи “Истаравшан”-и Истаравшан, ки ғолиби лигаи якум гаштанд ва ба лигаи олӣ роҳхат гирифтанд, фахри тамоми ҷавонон ҳастанд бо мамнуният ба сафи ҳизб қабул карда шуда, бахшида ба 24-солагии ташкилшавии ҳизб мувофиқи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз як ташкилоти ибтидоӣ бо номи “Футболи Истаравшан” таъсис дода шуд, ки футболбозон ба раисии ин ташкилоти ибтидоии навтаъсис номзадии Раиси шаҳри Истаравшан, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Баҳром Иноятзодаро пешниҳод ва қабул намуданд. Инчунин як қатор собиқадорони ҳизб ва фаъолон, ки дар тарғибу ташвиқи идеяҳои созандаи ҳизб саҳми арзанда гузоштаанд бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар қисми фарҳангии чорабинӣ бошад толибилмони гимназияи №4 бо дастагули мусиқӣ, ки дар васфи Ватан ва Пешвои миллат буд баромад карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>