Ҷамъбасти фаъолият

image-0-02-06-e2d2e04baa6219f9ef9ddbb89046e6c48680f8d07d9d717c5ab6a57453cd83a4-V

ГУЛИСТОН. Дар толори хурди Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 24-солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  бо иштироки  намояндагон  аз Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саидов Фирдавсхон,  аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Мадализода Илҳоми Раҳим, раисони ташкилоти ибтидоӣ, фаъолони ҳизб  баргузор гардид. Дар конференсия дар бораи нуфузи ҳизб ва самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар соли 2018, баромади Раиси Кумитаи Иҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода шунида шуд. Дар поёни конференсия 10 нафар кормандони фаъоли корхонаҳо ба сафи ҲХДТ  қабул карда шуда, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.   Бо фармоиш таҳти № 40 аз 6image-0-02-06-08727d8e1dc34b482e054aad6add0dc92a4edcf79a95a87dc4350c144b485475-V декабри соли равон  барои амалӣ намудани Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, зиёд намудани сафи ҳизбиён дар ташкилотҳои ибтидоӣ бахшида ба ҷашни 24-солгарди ҲХДТ як қатор фаъолон, раисони ташкилоти ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон қадрдонӣ карда шуданд. Худи ҳамон рӯз  2 нафар собиқ  Раисони Кумиҷроияи шаҳрӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи Иҷроияи шаҳрӣ бо маводҳои хӯрока аёдат карда шуданд. Онҳо барои чунин ғамхории ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосгузорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>