ҲҲДТ – ҳизби созанда, бунёдкор ва тарбиятгар!

бғ24

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бахшида ба 24- солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Истиқлол”-и шаҳраки Ғафуров чорабинӣ баргузор гардид. Дар он собиқадорон, аъзоёни фаъоли ҳизб, ва намояндагони занону ҷавонон иштирок намуданд. Сараввал раиси ташкилоти ибтидоӣ Исоқов Ф., меҳмононро муаррифӣ кард. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кулли ҳизбиёнро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрик намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳизбҳое маҳсуб мешавад, ки мафкураи сиёсию иҷтимоии онро аксарияти мардум тарафдорӣ мекунанд. Ва ин аст, ки он тавонист дар бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолияти Тоҷикистон, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ, бунёду танзими сохторҳои гуногуни давлати навини тоҷикон саҳми муҳиму арзанда гузошт. Сипас ба 15 нафар аъзоёни тозаинтихоб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Дар охир чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби хонандагони муассиса пешкаши меҳмонон гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>