Дарси сиёсӣ

image-0-02-06-defac06cf36c39575d879b05b3d8e91e07a2c1a7c737c325ba985bfd270cc973-V

АШТ. Дар ташкилоти ибтидоии Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Шайдон дарси сиёсӣ бахшида ба 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва аъзоёни ҳизб  баргузор карда шуд. Раиси Шурои собиқадорони Кумитаи  иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт М. Мадаминова фаъолони ҳизбро  ба 24-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намдуда бобати таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан карда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон комилан сохтор ва шеваи фаъолияти ба худ хосро дорост, ки дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизби сиёсӣ шинохта шудааст. Дар воқеъ барнома ва стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.  Ҳамчунин раиси ташкилоти ибтидоӣ Махкамова М ва сарвари МТМУ №2 Каримова Ш оиди мавзӯи мазкур сухан карда таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>