Қабулгоҳи ҷамъиятӣ

20181128_093734

СПИТАМЕН. Қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон ва аъзоён яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кумитаи иҷроияи ноҳия Спитамен ба шумор меравад. Бо ин мақсад дар  ноҳия ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз рӯи нақшаи алоҳида қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси кумиҷроия ва вакилони халқ ба роҳ монда шудааст.   Дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи дар кумитаи иҷроия қабули шаҳрвандон аз тарафи вакили ноҳиявӣ Ахмедбоев М вакил аз ҳавзаи интихоботии “Бунёдкор” №5 – 3 нафар сокнинони ноҳияи Спитамен:

  1. Бобоҷонов Р оид ба расонидани ёрӣ барои гузоштани микроавтобус ба хатсайр, оиди масъалаи Бобоҷонов Р ба корхонаҳои дахлдор маслиҳат карда шуда ҳалли худро ёфт ва ба муроҷиаткунанда хабар дода шуд.
  2. Алимова Х оид ба расонидани ёрии моддӣ муроҷиат намуд ва ба Алимова Х ба таври пулӣ ва маводҳои хӯрока ёрӣ расонида шуд.
  3.  Махатов Б оид ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматӣ муроҷиат намуданд масъалаи Махатов Б баррасӣ гардида дар рӯзҳои наздик ҳалли худро хаҳад ёфт.

Аз тарафи раиси кумитаи иҷроия О.Насруллоев   2- нафар сокинони ҷ/д Тағояк,  Юлдошев Бегзод – оиди ҳуҷҷатгузории хонаи истиқоматӣ ва Тошпӯлотова Д оиди мусоидат намудан барои дарёфти корӣ доимӣ муроҷиат намуданд ва барои ҳалли масъалаи онҳо мусоидат карда шуд. Муроҷиаткунандагон аз чунин ғамхориҳо хушҳол гашта ба раиси кумиҷроияи ва вакил Ахмедбоев М барои мусоидат ба ҳалли масъалаашон миннатдорӣ баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>