Маъракаи Иттилоотӣ ҷамъбаст гардид

20181206_093051

АШТ. Ҳамасола тамоми чахон аз санаи 25-ноябр то 10 декабр Маъракаи Иттилоотии «16 рӯзи зидди зӯроварӣ!» — ро қайд мекунад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудиятҳо нисбати занон қабул карда шудааст. Соли 1999 Созмони Миллали Муттаҳид 25 ноябрро расман Рӯзи байналхалқии мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон эълон намуд. Интихоби 10 декабр ҳамчун рӯзи хотимавӣ низ бесабаб нест, зеро ин рӯз – Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон аст ва зӯроварӣ яке аз вайронкунии ҳуқуқи инсон мебошад.   Рӯзи гузашта бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо иштироки бахши кор бо занон, бахши кор бо ҷавонони ноҳия  аксия бахшида ба «16 рӯз алайҳи зӯроварӣ ва хушунат дар оила» баргузор карда шуд.  Мақсад аз гузаронидани ин аксияи умуминоҳиявӣ ҷалби диққати чомеа ба проблемаи зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун ҷиноят ва поймолкунии ҳуқуқии инсон, мусоидат намудан дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии занон, амал намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар пешгирӣ намудани зӯроварӣ дар оила» мебошад. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби масъулин зиёда аз 150 адад варақаҳои таблиғотӣ вобаста ба ин чорабинӣ ба шаҳрвандон тақсим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>