Ҷамъбасти фаъолияти солона

20181212_085755

АЙНӢ. Санаи 12-уми декабр дар толори калони мақомоти иҷроия маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо иштироки аъзоёни  комиҷроия, раисони  ташкилотҳои  ибтидоӣ ва  фаъолони ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис 2 масъала мавриди баррасӣ қарор ёфт:

1. Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия дар давоми соли 2018 ва вазифагузориҳо барои соли 2019.

2. Тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи аввали соли 2019.

Ҳисоботи Раиси Комиҷроия доир ба масъалаи якум  шунида шуд. Дар музокираи масъала раисони ташкилотҳои ибтидоии “Урметан” Тилабов Сулҳиддин,  “Зеробод Раззоқова Фирӯза ” ва “Зосун” Содиқов  Миразим  баромад намуда, оид ба самтҳои фаъолияти Кумитаи Иҷроия изҳори андеша намуданд. Раиси ноҳия муҳтарам Неъматулло Раҳматуллозода дар маҷлис иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар охир ба аъзоёни тозаинтихоб билетҳои ҳизби ва ба роҳбарони ташкилоту  муассисаҳо ва  раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар маъракаи Обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ пешсаф буданд, “Сипоснома” ва туҳфаҳо супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>