Рӯзи волонтёрон

Деваштич волонтёрон0

ДЕВАШТИЧ. Ҳамасоли саросари ҷаҳон рӯзи 5 декабр рӯзи ихтиёриёнро ҷашн гирифта  мешавад. Бо ҳамин мақасад дар ноҳияи Деваштич низ Рӯзи байналмилалии ихтиёриён бо як шаҳомати хоса таҷлил гардид. Маврид ба ёдоварист, ки дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия наздик ба 100 нафар фаъолият доранд. Бо ташаббуси худи вололнтёрон дар қасри фарҳанги ноҳия як барномаи ҷолибу пурмуҳтаво ташкил карда шуд. Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич Равшаной Маъмурова иштирок ва суханронӣ намуд. Дар баромад аз номи Мақомоти иҷроия ва Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода бо Рӯзи умумиҷаҳонии ихтиёриён табрик намуда, барои ширкати фаъолона дар баргузории чорабиниҳои ноҳиявӣ, аксияҳо ва дигар корҳои ба манфиати ҷамъият адо намудаи онҳо изҳори сипос кард. Ҳамзамон Сипоснома ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияро тақдим гардид.  Дар барномаи фарҳангӣ волонтёрон бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Модар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намоиши саҳначаҳо, замзамаи суруд ва рақсҳои ҷолиб ба тамошобинон ҳаловати идона бахшиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>