Аксияи тарғиботии «Занон зидди хушунат ва зӯроварӣ»

20181205_154507

КОНИБОДОМ. Соли нуздаҳум аст, ки дар сар то сари ҷаҳон аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр тадбири иттилоотии « 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат ва зӯроваарӣ дар оила» баргузор мегардад. Ба ин муносибат намояндагони шӯъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо баробари чорабиниҳои иттилоотӣ инчунин аксияи тарғиботии «Занон зидди хушунат ва зӯроварӣ» баргузор намуда, дар кӯчаву хиёбонҳо, бозору истгоҳҳои шаҳр варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд. Дар баробари ин байни бонувон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, оиди ғамхории сарвари давлат , Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон гуфта гузаштанд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо баҳри  пешгирии зӯроварӣ, низоъ, кинаву адоват ва номуросоӣ  дар оила равона гардида, ҳарчӣ бештар тарғиб намудани озодӣ, адолат, меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмию якмаромӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>