Ҷамъбасти аксия

IMG_3961

ГУЛИСТОН. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба хушунату зӯроварӣ дар оила, «Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи хушунати занон» таҳти унвони 16-рузи бидуни Хушунат, шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, бо занони хонанишин дар маҳаллаи 5-ум вохӯрӣ баргузор намуд. Мудири шуъбаи кор бо занон  Раҳимова М.А. ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҳадафҳои баргузории чорабинӣ ҳарф зад. Сипас, перомуни хушунату зӯроварӣ дар оила, одоби оиладорӣ ибрози сухан намуд. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» низ гуфта гузашт. Хушунат дар оила боиси пошхӯрии оилаҳо шуда истодааст. Барои пош нахӯрдани оилаҳо бояд мубориза бурд. Оилаи солим бояд бунёд кард. Оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви оила бо андешаҳои солимии худ ба воя расида, барои пешрафти оила ва ҷомеа саҳмгузор бошад. Оиларо бо меҳру муҳаббат бунёд намуд ва бигзор, пойдору мустаҳкам бимонад. Дар ҷамъбасти чорабинӣ бо занони хонанишин аксия бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>