НА ҲАМИН ЛИБОСИ ЗЕБОСТ НИШОНИ ОДАМИЯТ

либоси мактаби

Саидзода Шӯҳрат,

 дотсенти кафедраи

сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Тарзи либоспўшӣ дар баробари фарҳангӣ амалиёти дигари одамӣ  мақоми муҳим дошта, он олами маънавии шахсро инъикос менамояд. Иборае ҳаст, ки мегўянд «Одаму либос, хонаву палос». Ҷомеа вобаста ба шинохту маърифати зиндагӣ барои худ шакли муайяни либосро муқаррар менамояд. Дар ҳар кишвар муносибат нисбати либоспўшӣ гуногун буда, вобаста ба фарҳангу анъанаи миллии он кишвар навъе аз рангу шакли муайяни либос ба мардум манзур карда мешавад, ки он аз як ҷониб рамзи таъриху фарҳанги қадима доштани миллат бошад, аз тарафи дигар, як усули ба танзим даровардани муносибати одамон, аз байн бурдани монеаҳо дар раванди ҳаёти ҷомеа  мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанд сол мешавад, ки бо назардошти фарҳангу анъанаи миллӣ либоси ягона барои хонандагони муассисаҳои таълимии  миёна ва олӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода шудааст. Роҳбарон ва масъулони соҳа кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки то он ба таври пурра аз тараф хонандагон риоя карда шавад. Аммо ба ҳамаи кўшишҳо нигоҳ накарда, боз ҳам хунукназарии муҳассилин нисбати масъалаи риояи талаботи мавҷуда ба чашм мерасад. Ҳам аз тарафи баъзе донишҷўйписарон ва ҳам донишҷўдухтарон риоя накардани талабот дида мешавад. Дар ин ҷода таъсири фарҳанги либоспўшии бегона бештар ба чашм мерасад. Ба ҷои тақлид намудан ба донишомўзӣ, илму маърифати Ғарб баъзе ҷавонон ба тарзи либоспўшии онҳо тақлид намуда истодаанд, ки он аз як ҷониб ба паст гардидани ахлоқ дар ҷомеа бошад, аз тарафи дигар, садди роҳи дуруст таълим гирифтани онҳо шудааст.

Баъзан ҷавонписарон ба ҷои риоя намудани либоси тавсиявӣ пўшидани шимҳои танг, ки хос баъзе аз тоифа ҷавонони ғарбӣ буда, тамоман аз ободу фарҳанги либоспўшии тоҷикӣ дур аст, ба тарғиби фарҳанги бегона кўмак менамоянд. Оё фикр намекунанд, ки оқибати чунин либоспўшӣ хуб нест ва бо ин рафтор фарҳанги бегона ва ахлоқу одоби ғайритоҷиконаро тарғиб мекунанд?! Баъзе духтарон бошанд, бо либосҳои танг ва ороишоти аз ҳад зиёд ба даргоҳи илму маърифат меоянд. Чунин рафтор на сабаби беҳтар шудани сатҳи азхуднамоии илму дониш, балки боиси ҷалби диққати атрофиён ба либосу ороишот ва халадор шудани раванди таълим мегардад. Баъзе ҷавонон фарҳанги ғарбиён ва баъзеи дигар фарҳанги арабҳоро дар дохили ватани худ тарғиб менамоянд.

Имрўз пўшидани шими ҷинсҳои дарида дар байни ҷавонон одат шудааст. Як замон шахс шарм мекард бо либоси тангу дарида ба кўча баромадан. Ҳоло акси ҳолат щудааст. Ҷавонон шимҳои ҷинси махсус сўрохдоштаро барои гўё муд буданаш мепурсанд. Ба ҷои ҳифз намудани анъанаву фарҳанги миллӣ худамон фарҳанги бегонаро тарғиб менамоем. Бо чунин рафтор чӣ тавр ба миллату давлат хизмат намудан мумкин аст?!

Ҳанўз дар давраҳои пеш мутафаккири бузурги тоҷику форс Саъдии Шерозӣ инсонро ҳамчун махлуқоти шариф, таъриф намуда, шаклпарастӣ, зоҳирпарастӣ ва танҳо ба зоҳир такя намудан ва баҳо доданро мазаммат менамояд.

Ба назари мо, дар ҳар ҷо бо либоси ба он муҳит муносибу мувофиқ қарор доштан зарур аст. Либос набояд монеаи иҷрои вазифа бошад, балки ба ҳадди имкон мададгор гардад. Аз тарафи дигар, либос ба ахлоқу одоб ва фарҳанги ҳамон ҷомеа мутобиқ бошад ва набояд ба таври манфӣ ба дигарон таъсир намояд.

Вобаста ба навъи машғулият ва муҳити корӣ пўшидани либоси мувофиқ барои пешрафти кор мусоидат менамояд. Мисол, ягон вақт мо ба майдони варзишӣ, ба киштукор дар саҳро бо шиму кастюм ворид намешавем, зеро он барои он корҳо мувофиқ нест. Мувофиқ набудан ба он маънӣ мебошад, ки он ба дуруст анҷом додани он амалҳо на танҳо кўмак намекунад, балки монеъа мегардад. Ба ҳамин монанд барои хар коре, ки машғул мешавем либоси мувофиқро интихоб бояд кард.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳақиқат масъалаи шакли зоҳирӣ, либос ва ҳолати равонӣ ба муносибати оянда, чӣ гуна шакл гирифтани идомаи ҳамкорӣ таъсири муайян сахт мерасонад. Аз ҳамин лиҳоз пўшидани либоси муносиб вобаста ба муҳиту ҷойи кор  дар муваффақияти шахс омили муҳим ба ҳисоб меравад. Кори мувофиқ имконияти бештари дуруст анҷом додани корро ба миён меорад. Мардуми рус ҳикмате доранд: «Ба либосат нигоҳ карда қабулат мекунанду, муносиби дониш гусел». Аз ин рў, шахсе, ки мехоҳад, дар анҷоми кор дар соҳаи интихоб намудаи худ муваффақ бошад, ин ҳикматро сармашқи кор карданаш зарур аст.

Вале, иқрор мешавем, ки дар ҷодаи пешрафт либос масъалаи асосӣ нест, балки яке аз сабабҳои  расидан ба комёбист. Агар ин мавзўи асосӣ мебуд, бисёре аз ашхоси хушлибосу хубчеҳра, шахсони муваффақ мебуданд.

Агар диққат дода бошед, вақте  либоси нав аз бар менамоем, руҳияи нав моро фаро мегирад, ки ин ҳолат ба атрофиёнамон низ бетаъсир нахоҳад буд.

Ҷомеа ҳарчи қадар рушд намояд, ҳамон андоза ба масъалаи маънавият, моҳияту ботини масъалаҳо рў меоварад ва инсонҳоро на танҳо аз рўи зоҳир, балки вобаста ба дараҷаи маънавиёт, ахлоқу кордонӣ ва дараҷаи тахассуснокиашон баҳо медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>