Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Бобочонова

18 феврали соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2000 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист, ҳуқуқшинос хатм карда, доктори илмҳои филологӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 ба ҳайси омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №5-и шаҳри Чкалов оғоз намуда, баъд дар мансабҳои гуногуни масъули соҳаҳои телевизион, маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2011-2013 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар моҳи ноябри соли 2013 ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид.

13 декабри соли 2014 дар Анҷумани XII ҲХДТ муовини Раиси ҲХДТ интихоб гардид.

Бобоҷониён Р.М. дар давоми фаъолияти кориаш худро ҳамчун ташкилотчии масъулиятшинос мутахассиси ботаҷриба ва кордон нишон додаст. Муносибаташ бо ҳамкорон хуб буда, соҳиби обрӯ ва эҳтиром мебошад.

Оиладор соҳиби се фарзанд.
©hamsafon.tj

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>