Паём – татбиқгари ормонҳои халқ

Payom-2018

Туйғун ШАРИФОВ,

раиси КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Зафаробод

Сокинони шарафманди Тоҷикистон ҳамасола ироаи Паёми Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паём дастурест барои фаъолияти минъбаъда ва раҳнамоест барои татбиқи ҳадафҳои созанда.

Санаи 26 декабри соли 2018 баъди тамошои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯҳияи мардум эҳсоси тантанаву шодмонӣ ҳувайдо гашта, ҳамдигарро табрику шодбош мегуфтанд. Зеро он рӯз низ чун ид барои сокинони Тоҷикистон муборак буд.

Воқеан, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузаштанд.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар давраи навбатӣ низ баробари муаррифии дастовардҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2018 самти фаъолиятро барои давраи минбаъда мушаххас намуд.

Дар Паём зикр гардид, ки соли 2018 бо воқеоти тақдирсозу хотирмонаш соли таърихӣ буд. Дар ҳақиқат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои сокинони созандаи Тоҷикистон мардум тавонистанд ба як қатор ҳадафҳо ва нақшаҳо бирасанд.

Расман оғоз гардидани ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ба кор андохтани агрегати якуми НБО “Роғун”, ки қадами устувор ба ҳадафи якуми стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, кушодашавии сарҳад ва ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз арзишмандтарин рӯйдодҳои соли 2018 маҳсуб меёбанд.

Сарвари давлат ҳамчунин дар Паёми хеш ба масҳалаьои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, бахшҳои истеҳсолӣ, афзоиши аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, масҳалаҳои об, роҳ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраҳо мушаххасан суханронӣ намуданд.

Баробари он, таваҷҷӯҳ ба забономӯзӣ, мақоми занон ва ҷавонон, расму оин, ҳуқуқи шаҳрвандон, қувваҳои мусаллаҳро дар мадди назар қарор дода, таъкид гардид, ки хатари терроризм ва ифродгароӣ вуҷуд дошта, мубориза бар зидди ин зуҳуроти хатарзои ҷомеа вазифаи дастҷамъона мебошад.

Нуктаи хурсандибахш дар он буд, ки бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот ва рушди ҳунармандию  сайёҳӣ солҳои 2019–2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар пешорӯи ҷашни 30–солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамаи маъсулияту маром ва кору пайкори худро баҳри сазовор таҷлил намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ равона менамоянд. Ин нукта дар Паёми Пешвои миллат махсусан зикр гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки мо бояд ба тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолият, муаррифии дастовардҳои шоистаи миллӣ, ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатиро  сазовор истиқбол намоем.

Сокинони ноҳияи Зафаробод, аз ҷумла, ҳизбиёни ноҳия бо дарки масъулият ва хештаншиносӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳамаи сохторҳои фаъолияти худ сармашқи кор қарор додаанд.

     Аз ҷониби кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод нақшаи чорабиниҳои тарғиби нуктаҳои Паём ба тасвиб расида, гурӯҳҳои тарғиботӣ дар ҳайати фаъолон, собиқадорон, занон ва ҷавонон дар мулоқот бо сокинони ноҳия сафарбар гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>