КИВ ҲХДТ конфронси ҷумҳуриявӣ доир мекунад

IMG_3601

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Ин чорабинии сатҳи баланди илмӣ ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда, рӯзҳои 30-31 январи соли ҷорӣ доир хоҳад гардид.

Нахустин ҷаласаи тадорукоти конфронс дар маҷлисгоҳи хурди Кумиҷроияи вилоятӣ доир шуда, дар он аъзо – роҳбарону устодони муассисаҳои олии маркази вилоят иштирок карданд.

Саттроиён Матлубахон Амонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд зикр кард, ки мақсади конфронси мазкур мавриди таҳқиқ ва омӯзиши амиқ қарор додани таърихи ҳизб, дастовардҳои он дар тӯли фаъолият, нақши роҳбари ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.1

Аъзои комиссияи тадорукот ва иштирокчиёни ҷаласа – Ваҳҳоб Набиев, Рухсора Давлатзода, Ҷӯрабек Исоматдинов, Нуралӣ Нуров, Иброҳим Ҷабборов, Тӯрақул Ризоқулов, Саидумрон Саидов, Анвар Ҷалилов ва дигарон оиди дар сатҳи баланди илмӣ ва ташкилӣ гузаронидани конфронс андешаҳояшонро баён намуданд.

Ба конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” олимону муҳаққиқон, докторантону аспирантон, магистрантон, мутахассисони соҳа метавонанд мақолаҳои илмии худро пешниҳод намоянд. Доир ба мавзӯъҳои меҳварии конфренсия дар сомонаи мо мактуби иттилоотӣ чоп шудааст.IMG_3581

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>